Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода дар ҳамоиши аъзои Кумитаи байналмилалии паралимпӣ (IPC Membership Gathering 2026), ки 7-9 ноябр дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид, иштирок намуд.
Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи байналмилалии паралимпӣ таҳти унвони «Якҷоя барои амал» («Coming Together: A Call to Action») баргузор гардида, намояндагони кумитаҳои миллии паралимпӣ ва дигар созмонҳои ҳаракати байналмилалии паралимпиро аз 140 давлати ҷаҳон ба ҳам овард.
Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои мубрами рушди варзиши паралимпӣ, дурнамои омодагӣ ба Бозиҳои паралимпии тобистонаи соли 2028 дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин самтҳои стратегии фаъолияти Кумитаи байналмилалии паралимпӣ барои солҳои 2027–2030 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба масъалаҳои таҳкими иқтидори кумитаҳои миллии паралимпӣ, такмили механизмҳои маблағгузорӣ, рушди фаъолияти маркетингӣ, арзёбии самаранокии барномаҳои варзишӣ ва такмили низоми таснифоти варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин иштирокчиён доир ба табодули таҷриба, густариши ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи таҷрибаҳои пешқадам ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳаракати паралимпӣ дар кишварҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода ба президенти Кумитаи байналмилалии паралимпӣ Эндрю Парсонс ҳамчун рамзи эҳтиром намунаи ҳунари суннатии тоҷиконро тақдим намуд.
АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон