МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ тибқи нақша дар 611 ҳазору 772 гектар бояд шудгор гузаронида шавад. То 25 сентябри соли равон дар 11 ҳазору 648 гектар шудгор гузаронида шудааст.
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ тибқи нақша дар 611 ҳазору 772 гектар бояд шудгор гузаронида шавад. То 25 сентябри соли равон дар 11 ҳазору 648 гектар шудгор гузаронида шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани ҳосили фаровон шудгор барои кишти тирамоҳӣ, барвақтӣ ва баҳории соли 2026-2027 гузаронида мешавад.
Шудгор дар фасли тирамоҳ, пас аз ҷамъоварии ҳосили зироат аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр (то саршавии хунукиҳои шадид ва ях бастани замин) гузаронида мешавад. Давраи беҳтарин ва самарабахши он моҳҳои октябр ва ноябр мебошад, зеро дар ин вақт замин ҳанӯз рутубати муайян дошта, барои шудгор кардан ва нест кардани алафҳои бегона ва зараррасонҳо хеле мувофиқ аст.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, кишоварзон бояд дар ин шабу рӯз замини киштро шудгор намоянд, зеро сари вақт ва хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Ба тавсияи мутахассисони соҳа, шудгори барвақтӣ, ки дар фасли тирамоҳ гузаронида мешавад, замина барои ҳосили фаровон мебошад. Зеро замин як муддат дам гирифта, мулоим шуда, дар сардии ҳаво алафҳои бегона нобуд ва дар натиҷа ҳосили фаровон ба даст меояд. Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок гардонида шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳо кам ва ё пурра нест мешавад. Чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил диҳад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурии он таъмин гардид, аз заминҳо ҳосили хуб рӯёнидан мумкин аст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки агар кишоварзон баъди гузаронидани шудгор дар заминҳои кишти зироати гандум ва пахта яхоб монда бошанд, аз он замин метавон ҳосили баланду дилхоҳ рӯёнид. Зеро ҳангоми яхобмонӣ дар чуқурии ним метр ҳашароти мавҷуда нобуд мешаванд, ҳамчунин дар ин чуқуриҳо ба миқдори зиёд об захира мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ