Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони идораҳои патентии давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиё, намояндагони сафоратҳо, мутахасисону ихтироъкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар шакли ҳузурию маҷозӣ иштирок доранд.
Конфронс бо мақсади рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, таҳкими фазои патентии Авруосиё ва мусоидат ба амалӣ намудани навоварӣ ва технологияҳои муосир баргузор мегардад.
Конфронс дар се бахш: «Инноватсия ва тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ», «Патентҳо, инноватсияҳо ва рушди технологӣ», «Шарҳи нашрияҳои илмӣ» ва ҷаласаи пленарӣ то бегоҳ идома меёбад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон