ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, якшанбе, 284-умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

11 октябри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расониданд. *** 15 сол пеш, 11 октябри

11 октябри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расониданд.

***

15 сол пеш, 11 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

11 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузоргардида ҳисобида шуд.

***

11 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

11 октябри соли 2022   пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони давлатҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду мамлакат хос аст, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳама арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт» иштирок ва суханронӣ намуданд.

11 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии духтаракон.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо дард

***

Дар Абхазия- Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

11 октябри соли 1737 бар асари заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

***

11 октябри соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ-Донишгоҳи Сидней ба кор оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1891 дар Стокголм аввалин осорхонаи этнографии «Скансен» дар фазои кушод ифтитоҳ ёфт.

***

11 октябри соли 1949 дар нишасти 3-юми Созмони ҷаҳонии ташкилоти тиббӣ аввалин кодекси байналхалқии ахлоқи тиббӣ қабул гардид.

***

11 октябри соли 2015 бахшида ба 70-солагии ЮНЕСКО ва Соли  оила дар Тоҷикистон дар театр-студияи «Падида» дар мавзуи «Ман оилаи худро дӯст медорам» намоиши расмҳо доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар майдони назди Маркази савдои «Меҳргон»- и пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе иқдоми экологии  «Мо метавонем!» баргузор гардид.

***

Соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд нахустин Форуми байналмилалӣ- иқтисодии «Суғд-2018» доир шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1881 сокини иёлати Дакотаи Шимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Хюстон барои плёнкаи аксӣ патент ба даст овард.

***

Соли 1984 нахустин бор зани амрикоӣ Кэтрин Салливэн  ба фазои кайҳони кушод парвоз анҷом дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фарҳод Зикриёев— соли 1940 — забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (1987), профессор (1989). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1974), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2001).

Источник: АМИТ "Ховар"