Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба  таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам рушд

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба  таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам рушд бахшидани соҳаи саноат, саҳми корхонаи муштараки «Зарафшон» дар маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент ва ҳадафҳои неки он сухан гуфта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад

Иброз гардид, ки дар асоси супоришҳои Сарвари давлат ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Фаъолияти босамари корхонаҳои азими саноатӣ, ба монанди корхонаи муштараки «Зарафшон» ба амалӣ гардидани нақшаҳои созанда мусоидат мекунад.

Давоми 8 моҳи сол дар корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиарду 211,1 миллион расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  1 миллиарду 689,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Нишондиҳандаҳои асосии корхона давоми 11 соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар баробари афзудани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот шумораи кормандон ва музди маоши онҳо низ зиёд гардидааст.

Корхона уҳдадориҳои худро дар самти рушд бахшидани соҳаи саноат таъмин намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар ободии шаҳри Панҷакент саҳми бештар гузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Источник: АМИТ "Ховар"