«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" · · g3169070

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари ёдгориҳои нодир» намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ гардид, ки то моҳи январи соли 2027 идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоиш 80 ёдгории нодири таърихию фарҳангии халқи тоҷик, ки давраҳои гуногуни таърихиро фаро мегиранд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар он бозёфтҳои бостоншиносӣ аз Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Сайёд, Панҷакенти қадим, Кофирқалъа, катибаҳои суғдӣ, инчунин дигар намунаҳои ҳунарҳои анъанавӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар намоишгоҳ ёдгориҳои таърихие, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд ё барои воридшавӣ пешниҳод гардидаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар баробари ин, китобҳои тозанашре, ки саҳифаҳои гуногуни таърихи миллати тоҷикро аз давраҳои қадим то замони истиқлоли давлатӣ инъикос менамоянд, пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, китобҳои «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе», «Хутали қадим» ва дигар асарҳои марбут ба омӯзишу ҳифзи мероси миллӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба таъриху фарҳанги тоҷикон ҷалб мекунанд.
Иштироки Тоҷикистон дар чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои муаррифии имконоти фарҳангии мамлакат, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Мероси таърихию фарҳангии тоҷикон ҳамчун ҷузъи муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ на танҳо аз гузаштаи пурифтихори миллат шаҳодат медиҳад, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ нақши муҳим мебозад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон