Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» соли равон таҳия гардида, дар айни замон дар баррасии мақомот қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Соҳаи аграрӣ дар Тоҷикистон чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавқеи устувор дорад. 16 декабри соли 2025 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки лоиҳаи Қонун таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Коршиносон таъкид менамоянд, ки муҳимтарин вазифаи соҳаи кишоварзӣ таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва таъмини корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ бо ашёи хом мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи он соҳаи кишоварзии мамлакат рушд намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулоти деҳот афзоиш меёбад. Ин сиёсат имкон медиҳад, ки бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гардида, воридоти маҳсулоти хориҷӣ кам ва содироти маҳсулоти экологии тоза бештар гардад.
Ба андешаи масъулони Вазорати кишоварзӣ, ин қонун самтҳои асосии дастгирии давлатӣ, истифодаи оқилонаи замин ва об, татбиқи технологияҳои муосири аграрӣ ва мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлимро муайян менамояд. Мақсади асосии он таъмин намудани инкишофи тамоми соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва дар ин асос таҳким бахшидани амнияти озуқавории давлат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид».
Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки рушди устувори мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум ба беҳбуди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва таъкид менамоянд, ки «пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».
Барои пешбурди муваффақонаи сиёсати аграрӣ дар мамлакат мақомоти марбута ва вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки якҷоя талош намоянд. Ин ҳамоҳангӣ имкон медиҳад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим, камобӣ ва рақобати бозори ҷаҳонӣ аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин карда шавад. Аз ин рӯ муосирсозии инфрасохтори обёрӣ, амалӣ кардани технологияҳои каммасраф, рушди усулҳои обёрии қатрагӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва татбиқи барномаҳои давлатӣ бояд вусъат дода шавад. Зеро амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ