Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбари ҳайати вакилони Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Шоҳидул Ислом вохӯрӣ  намуд. Дар ин хусус ба

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбари ҳайати вакилони Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Шоҳидул Ислом вохӯрӣ  намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Бангладеш, ба хусус дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ҳамзамон зарурати таҳкими ҳамкории байни ниҳодҳои давлатии ду кишвар, аз ҷумла парламентҳо дар доираи фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё, ки Тоҷикистон ва Бангладеш аъзои он мебошанд, таъкид гардид.

Иброз шуд, ки парламентҳо ҳамчун мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории давлатҳо метавонанд ба сифати майдони муҳими муколама, табодули таҷриба ва таҳкими эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо хизмат намоянд. Бо мақсади таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ ва рушди дипломатияи парламентӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 70 парламенти кишварҳои ҷаҳон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст.

Дар ин замина масъалаи таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш аз самтҳои муҳими таҳкими ҳамкории байнипарламентии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ин гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ метавонад барои мулоқоти байниҳамдигарӣ, муколама, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, ташкили сафарҳои мутақобили парламентӣ, таҳкими робитаҳои байни кумитаҳои соҳавӣ ва баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаи мусоид фароҳам оварад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Бангладеш соли 2025  106 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил додааст.

«Мо ҷонибдори рушди робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Бангладеш, табодули донишҷӯён, омӯзгорон, олимон ва муҳаққиқон, инчунин татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ ҳастем. Инчунин аҳамияти ҳамоҳангсозии мавқеъҳои парламентҳои ду кишварро дар масъалаҳои марбут ба рушди устувор, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои глобалӣ муҳим мешуморем»,–афзуд Файзали Идизода.

Тазаккур дода шуд, ки ин вохӯрӣ қадами устувор дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парламентҳои ду кишвар хоҳад буд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"