Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор гардид. Дар кори форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Ҳадафи форум фароҳам овардани шароити мусоид барои муколамаи созанда байни намояндагони давлатҳо, сармоягузорон, соҳибкорон ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба сиёсати сармоягузорӣ, рушди устувор, молияи байналмилалӣ, энергетика, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон ба имкониятҳои густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Инчунин дар доираи форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Мақомоти танзими фаъолияти хайриявии Давлати Қатар Сауд Муҳаммад Ал-Атба вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона ва густариши ҳамкориҳо дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоиро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон