Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
АМИТ "Ховар" · · g625144
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти судии
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ҷаласа вохӯрии сеҷонибаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон Робаҳон Маҳмудова баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқӣ ва табодули таҷрибаи пешқадамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минбаъда дар самти беҳтар намудани фаъолияти судҳо ва татбиқи таҷрибаи муосир дар низоми адолати судӣ мубодилаи афкор доир шуд.
АКС: Суди Олии Тоҷикистон