ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
АМИТ "Ховар" ·
РАШТ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани хонаҳои онҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба 80 оилаи маъюб, нимятимон ва оилаҳои камбизоати ноҳия 400-килограммӣ ангишт кумак карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Ин иқдоми инсондӯстона дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пеш гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои эҳтиёҷманд тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, минбаъд низ аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандон ин иқдоми хайрхоҳонаро идома медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт