Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ маълумот дода шуд, ки нақшаи даъват дар рӯзи якум 76
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ маълумот дода шуд, ки нақшаи даъват дар рӯзи якум 76 фоиз иҷро гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки «хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби воқеии мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан маҳсуб шуда, ҳар ҷавон бояд шукронаи давлати озоду мустақилро намояд ва бо ифтихору эҳсоси масъулияти бузург хизмати Ватанро ба ҷо орад».
Таъкид гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст. Хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавон мактаби бузурги масъулиятшиносӣ, интизом, матонат, ҷасорат ва ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, ҷавонон дар ин мактаб дар баробари азхуд намудани донишу малакаҳои ҳарбӣ ҳисси масъулият дар назди Ватан ва миллатро тақвият медиҳанд.
Дар ин замина ба ҷавонон гуфта шуд, ки давраи хизмати ҳарбиро самаранок истифода бурда, донишҳои ҳарбиро азхуд намоянд, интизоми хизматиро риоя карда, бо рафтору фаъолияти шоиста номи неки хонавода ва зодгоҳи худро баланд бардоранд.
Дар ин самт нақши падару модарон низ таъкид шуда, ба онҳо барои тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва омодагӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ изҳори сипос карда шуд. Ҳамзамон ба масъулони шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дахлдор гуфта шуд, ки раванди даъвати тирамоҳиро дар доираи қонунгузорӣ, бо риояи шаффофият ва эҳтироми ҳуқуқу шаъну шарафи шаҳрвандон идома диҳанд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби модарони даъватшудагон маросими анъанавии нонгазонӣ баргузор гардид. Инчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони вилояти Хатлон доир шуд. Сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои театрӣ ба маросими гусели ҷавонон ҳусни тоза бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон