Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бар…

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе идома доранд, маросими тантанавии муҳрзании махсуси маркаи почтавии бадеӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе идома доранд, маросими тантанавии муҳрзании махсуси маркаи почтавии бадеӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маркаи почтавии бадеӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» дар доираи барориши якҷояи маъмуриятҳои алоқаи давлатҳои аъзои Иттиҳод ба ифтихори 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (РСС) ба муомилот бароварда шудааст.

Дар ин чорабинӣ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, Директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа Алексей Бородин, Директори генералии КВД «Почтаи Тоҷикистон» Дилшод Музаффарзода, Роҳбари барномаҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта (ВПС) барои Аврупо ва ИДМ Марио Гонсалез-Монтиель ва Директори Бюрои рушди электроалоқаи Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (МСЭ) Космас Лакисон Завазава иштирок намуданд.

Нишони марказии тарҳи маркаи ҷашнӣ логотипи расмии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа буда, муаллифи тарҳи он тарроҳ Ҷамшед Холиқов мебошад. Марка дар нашриёти «Белорусский дом печати»-и Ҷумҳурии Беларус бо теъдоди 5 000 нусха ба чоп расида, арзиши номиналии он 20 сомониву 40 дирамро ташкил медиҳад. Махсус ба муносибати ин санаи муҳими ҷашнӣ, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» инчунин лифофаҳои бадеӣ бо тасвири бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа бо теъдоди 2 000 нусха ва штемпели махсуси почтавӣ бо таърихи рӯзи муҳрзанӣ — 29 сентябри соли 2026 омода карда шуданд.

Барориши силсилаи маркаҳои ҷашнӣ дар доираи Созишномаи дахлдори маъмуриятҳои алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа амалӣ гардида, ба оммавигардонии бештари Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун созмони минтақавии байналмилалӣ дар самти таҳкими ҳамкориҳо ва рушди соҳаи алоқаи барқӣ ва почтавӣ равона карда шудааст.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"