Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 46 муассисаи давлатии мактабҳои варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин 10 муассиса барои омӯзиши футбол аст. Дар мактабҳои махсуси футбол ва

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 46 муассисаи давлатии мактабҳои варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин 10 муассиса барои омӯзиши футбол аст. Дар мактабҳои махсуси футбол ва мактабҳои варзишӣ 349 гурӯҳи футбол бо фарогирии 6282 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонон фаъолият доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо амалишавии «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 158 варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ ба маблағи умумии 141,1 миллион сомонӣ навсозӣ ва сохта, ба истифода дода шудаанд.

Дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ ба рушди футбол низ сол ба сол афзоиш меёбад. Дар маҷмуъ дар давраи амалишавии Барномаи рушди футбол 47,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Шумораи дастаҳои футболи духтарона аз 18 дастаи соли 2025 ба 30 даста расонида шудааст. Инчунин 36 футболбоздухтари вилояти Хатлон ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар синну соли гуногун дохил мебошанд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"