Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, муаррифии суннатҳои неки ниёгон, дарёфти истеъдодҳои нав ва тақвияти таваҷҷуҳи ҷомеа ба варзиши миллӣ доир шуд. Он дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳаракати варзишӣ дар вилояти Хатлон иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.
Иштирокчиён оид ба аҳаммияти рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳёи бозиҳои миллии варзишӣ ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангии миллӣ ибрози андеша намуданд. Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар самти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарбияи насли солиму ҷисман обутобёфта муҳим мебошад.
Иброз гардид, ки бозиҳои миллии варзишӣ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллати тоҷик давоми асрҳо аз насл ба насл гузашта, имрӯз низ барои таҳкими дӯстиву рафоқат, руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Баргузории чунин фестивалҳо ба густариш бахшидани бозиҳои миллии варзишӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба чорабиниҳои солимгардонӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷом ба ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва сатҳи минтақавӣ туҳфа ва медалҳо супорида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон