ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд

АМИТ "Ховар" ·

ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонон…

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Боғча барои кӯдак танҳо макони нигоҳубин ва истироҳат набуда, балки ҷоест, ки ӯ нахустин қадамҳои мустақилона зиндагӣ кардан, муошират бо ҳамсолон, омӯзиши донишҳои ибтидоӣ ва кашфи қобилияти худро мегузорад. Пас, саволе пайдо мегардад, ки як рӯзи кӯдак дар боғча чӣ гуна мегузарад ва мураббӣ барои он ки ин вақт ҳам шавқовар ва ҳам омӯзанда бошад, чӣ кор мекунад?

Дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ масъалаи беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди инкишофи кӯдакон ва баланд бардоштани нақши муассисаҳои томактабӣ дар омодасозии онҳо ба зинаҳои минбаъдаи таҳсил аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд нақши мураббӣ, муносибати ӯ бо кӯдакон ва тарзи ташкили машғулияти ҳаррӯза хеле муҳим аст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» барои шинос шудан бо ҷараёни тарбия ва таълими тарбиятгирандагон дар боғча бо ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли 2026» Дилрабои Ҳотамшо суҳбат орост.

Оғози рӯз дар боғча

Дилрабои Ҳотамшо зимни суҳбат иброз дошт, ки пеш аз ҳама, мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд. Ҳангоми қабул ба ҳолати умумӣ ва руҳияи ҳар кӯдак таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро муносибати самимӣ ва муҳити дӯстона барои мутобиқшавии кӯдак ба муҳити боғча аҳаммияти калон дорад.

«Барои мураббӣ танҳо иҷрои нақшаи таълимӣ муҳим нест, балки пеш аз ҳама, бояд тавонад бо кӯдак робитаи самимӣ барқарор намояд. Кӯдак бояд дар муҳити боғча худро озоду роҳат ҳис кунад, аз муошират бо мураббӣ наҳаросад ва бо шавқу завқ ба фаъолият ҳамроҳ шавад», -мегӯяд мураббӣ.

Ба изҳори ӯ, пас аз қабули кӯдакон машқи пагоҳирӯзӣ ташкил карда мешавад, ки он аз ҳаракатҳои сабуки ҷисмонӣ, бозиҳои ҳаракатӣ ва машқҳои мувофиқ ба синну соли кӯдакон иборат аст. Чунин машғулият ба бедор намудани неру, инкишофи ҷисмонӣ ва омодасозии онҳо ба машғулияти минбаъда мусоидат мекунад.

Бозӣ — роҳи шавқовари омӯзиш

Ба андешаи мураббӣ, дар раванди таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ бозӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро кӯдак тавассути бозӣ на танҳо вақт мегузаронад, балки муҳити атрофро мешиносад, савол медиҳад, фикр мекунад, муносибат карданро меомӯзад ва қобилияти худро инкишоф медиҳад.

Дилрабои Ҳотамшо изҳор медорад, ки ҳангоми ташкил намудани бозиҳои шавқовар мақсади муайян гузошта мешавад. Масалан, бозиҳои ҳаракатӣ ба инкишофи чолокӣ, ҳамоҳангсозии ҳаракат ва фаъолияти ҷисмонӣ мусоидат мекунанд. Бозиҳои зеҳнӣ диққат, хотира, тафаккури мантиқӣ ва қобилияти зуд дарк намудани маълумотро инкишоф медиҳанд.

Ҳамзамон бозиҳои гурӯҳӣ ба кӯдакон тарзи ҳамкорӣ, риояи қоидаҳо, эҳтироми ҳамдигар ва ба назар гирифтани фикри дигаронро меомӯзонанд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳо кӯдак тадриҷан мефаҳмад, ки дар ҷомеа зиндагӣ кардан маънои ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва масъулиятро низ дорад.

Мураббӣ кӯшиш мекунад, ки ҳар кӯдак дар чунин фаъолият иштирок намояд ва худро дар канор эҳсос накунад. Зеро кӯдакон аз ҷиҳати қобилият, шавқу рағбат ва тарзи дарк намудани маълумот аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, муносибати инфиродӣ дар фаъолияти мураббӣ аҳаммияти хосса дорад.

17 машғулият дар як ҳафта барои омодагӣ ба мактаб

Яке аз марҳилаҳои муҳим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб мебошад. Дар ин давра кӯдакон тадриҷан ба муҳити таълимии нав омода гардида, дониш ва малакаҳои ибтидоии барои оғози таҳсил заруриро азхуд мекунанд.

Тавре Дилрабои Ҳотамшо иброз намуд, дар гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб дар як ҳафта 17 машғулият гузаронида мешавад. Ҳар машғулият самт ва мақсади муайян дошта, ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдак равона мегардад.

Дар ҷараёни машғулият кӯдакон бо ҳарфу рақамҳо шинос шуда, ҳисоб кардан, муқоиса намудани ашё, фарқ кардани шаклу андоза ва иҷрои супоришҳои мантиқиро меомӯзанд. Ба рушди нутқ низ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Онҳо шеър аз ёд мекунанд, ҳикоя мешунаванд, ба саволҳо ҷавоб медиҳанд ва фикру андешаи худро баён менамоянд.

Ҳамчунин тавассути расмкашӣ, сохтани ашё аз маводи гуногун, сурудхонӣ ва машғулияти эҷодӣ қобилияти тасаввурот ва завқи бадеии кӯдакон инкишоф дода мешавад.

«Муҳим он аст, ки кӯдак дар ин марҳила на танҳо ҳарфу рақамҳоро азхуд кунад, балки нишаста гӯш кардани омӯзгор, фаҳмидани супориш, мустақилона иҷро намудани вазифа ва муошират бо ҳамсолонро низ омӯзад. Ин малакаҳо барои мутобиқшавии ӯ ба муҳити мактабӣ заминаи зарурӣ фароҳам меоранд»,-мегӯяд Дилрабои Ҳотамшо.

Тарбияи кӯдак — ҳамкории боғча ва оила

Кӯдакон дар боғча тарзи дуруст шустани даст, тозаву озода нигоҳ доштани либос ва ҷойи худ, истифодаи мустақилонаи ашёи рӯзгор ва риояи реҷаи рӯзро меомӯзанд. Ин амалҳои ба назар одӣ дар ташаккули мустақилият ва масъулиятшиносии онҳо нақши муҳим доранд.

Дар ин раванд ҳамкории мураббӣ бо волидон низ зарур аст. Зеро тарбияи кӯдак танҳо бо фаъолияти боғча маҳдуд намешавад. Муҳити оила ва муносибати падару модар ба омӯзишу тарбия бояд бо фаъолияти муассисаи томактабӣ ҳамоҳанг бошад. Мубодилаи мунтазами маълумот байни мураббӣ ва волидон имкон медиҳад, ки хусусияти инфиродӣ, шавқу рағбат ва эҳтиёҷоти ҳар кӯдак беҳтар шинохта шаванд.

Роҳнамои қадамҳои нахустини кӯдак

Натиҷаи фаъолияти муассисаи томактабӣ дар он зоҳир мегардад, ки кӯдак бо кадом дониш, малака ва ҷаҳонбинӣ ба марҳилаи минбаъдаи зиндагӣ қадам мегузорад. Дар ин раванд мураббӣ на танҳо омӯзгор, балки роҳнамо, ҳамсуҳбат ва шахси наздикест, ки барои ташаккули шахсияти кӯдак замина мегузорад.

Ғолибият дар озмуни «Мураббии соли 2026» низ аз масъулият ва маҳорати касбии Дилрабои Ҳотамшо дарак медиҳад. Чунин озмунҳо барои муаррифии таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани мақоми мураббӣ ва ҳавасманд намудани кормандони соҳа ба такмили донишу маҳорати касбӣ мусоидат мекунанд.

Дар маҷмуъ, як рӯзи кӯдак дар боғча аз маҷмуи фаъолияти таълимию тарбиявӣ, бозиҳо, истироҳат ва муошират иборат аст. Ҳар машғулият, бозӣ ва муносибати самимии мураббӣ метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва қобилияти кӯдак нақши худро гузорад.

Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти рубрикаи «Як рӯз дар боғча» оид ба машғулияти таълимӣ, бозӣ, эҷодкорӣ, ҳаракат ва муошират барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар боғчаҳо силсиламавод пешниҳод намояд.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"