НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди саноати хӯрокворӣ ва зиёд гардидани навъҳои гуногуни маҳсулоти нӯшокӣ истеъмоли нӯшокиҳои энергетикӣ дар байни аҳолӣ, ба хусус ҷавонону наврасон рӯ ба афзоиш дорад. Ин ҳолат зарурати баланд бардоштани маърифати тиббию санитарӣ ва огоҳ намудани аҳолиро аз таъсири эҳтимолии манфии чунин маҳсулот ба саломатӣ ба миён меорад. Дар ин хусус директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Султон Раҳмонзода чунин ибрози назар намудааст.
-Нӯшокиҳои энергетикӣ маҳсулоте мебошанд, ки дар таркиби онҳо кофеин ва дигар моддаҳои ангезандаи фаъолияти системаи асаб, аз ҷумла таурин, гуарана, глюкуронолактон, инчунин миқдори гуногуни қанд ва дигар иловаҳои ғизоӣ мавҷуд буда метавонанд. Истеъмоли онҳо метавонад муваққатан ҳисси хастагиро кам намуда, ҳушёрӣ ва фаъолияти асабро баланд бардорад. Аммо ин таъсир маънои барқарор гардидани захираи воқеии неруи организмро надорад.
Таъсири нӯшокиҳои энергетикӣ ба саломатии инсон
Истеъмоли аз ҳад зиёд ва мунтазами нӯшокиҳои энергетикӣ метавонад ба фаъолияти якчанд узву системаҳои организми инсон таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла, кофеини дар таркиби онҳо мавҷуда метавонад боиси тез шудани таппиши дил, баланд гардидани фишори хун ва халалдор шудани набзи дил гардад. Ин ҳолат махсусан барои шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг хавфи бештар дорад.
Ҳамзамон таъсири ангезандаи кофеин ба системаи асаб метавонад боиси бехобӣ, асабоният, изтироб, ларзиши дасту пой, дарди сар ва паст гардидани сифати хоби шабона шавад.
Қанди зиёд дар таркиби баъзе нӯшокиҳои энергетикӣ низ боиси нигаронӣ мебошад. Истеъмоли мунтазами чунин маҳсулот метавонад ба зиёдшавии вазни бадан, баланд шудани хатари фарбеҳӣ, диабети навъи 2 ва осеб дидани дандонҳо мусоидат намояд.
Хатари нӯшокиҳои энергетикӣ барои кӯдакон ва наврасон
Масъалаи истифодаи нӯшокиҳои энергетикӣ дар байни кӯдакону наврасон диққати махсусро талаб мекунад. Зеро организми онҳо ҳанӯз дар марҳилаи рушду ташаккул қарор дошта, таъсири моддаҳои ангезанда метавонад ба фаъолияти муътадили системаи асаб ва дилу рагҳо таъсири номатлуб расонад.
Истеъмоли чунин нӯшокиҳо дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ метавонад боиси вайроншавии реҷаи хоб, асабоният, баланд шудани фишори хун, тез шудани таппиши дил ва мушкилоти ҳозима гардад.
Аз ин рӯ, ташкилоти бонуфузи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Академияи педиатрияи Амрико истеъмоли нӯшокиҳои энергетикиро барои кӯдакону наврасон тавсия намедиҳанд.
И стеъмоли аз ҳад зиёди энергетикҳо-сабаби заҳролудшавӣ
Истеъмоли якбораи миқдори зиёди кофеин метавонад боиси заҳролудшавии организм гардад. Дар чунин ҳолат шахс метавонад таппиши шадиди дил, баландшавии фишори хун, ларзиши бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, изтироби шадид ва дар ҳолатҳои вазнин ҳатто ташаннуҷ ва беҳушшавиро аз сар гузаронад.
Дар ҳолати пайдо шудани чунин аломатҳо, махсусан дарди қафаси сина, вайроншавии шадиди набзи дил ва беҳушшавӣ фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намудан зарур аст.
Тавсияҳои пешгирикунанда
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, ба хусус насли наврас чунин тавсия медиҳад:
Саломатии инсон арзишмандтарин сарвати ҷомеа мебошад. Нӯшокиҳои энергетикӣ, сарфи назар аз таблиғ ва ҷолибияти зоҳирии онҳо воситаи барқарор намудани неруи организм набуда, истеъмоли аз ҳад зиёди он метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
АКС: Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд