Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алҷазоир мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Акрам Каримӣ (бо қароргоҳ дар Риёз) бо директори генералии Институти дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Алҷазоир Фотима Ремилӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Алҷазоир дар бахши бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ, инчунин табодули таҷриба дар ин самт баррасӣ шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Источник: АМИТ "Ховар"