ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский омодагиро ба бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Чин оғоз намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи м унтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский омодагиро ба бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Чин оғоз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пас аз як рӯзи истироҳат, ки ба бозигарон баъди анҷоми бозӣ бо дастаи мунтахаби Фаластин дода шуд, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чунтсин ба тамринҳо баргашт.Ҳоло дар ихтиёри сармураббӣ 26 бозигар қарор доранд. Ҳимоятгар Зоир Ҷурабоев, ки дар бозӣ ба муқобили Фаластин корти сурх гирифт, дар дидор бо дастаи мунтахаби Чин иштирок намекунад.

Бояд таъкид кард, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Чин ва Тоҷикистон 6 октябр дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16:35 ба вақти Душанбе аст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"