Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли тиҷорату саноат, ширкатҳои брокерӣ ва масъулони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук иштирок доштанд, масъалаҳои рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, татбиқи низоми иттилоотии АСИКУДА, баланд бардоштани шаффофияти хизматрасониҳо ва пешгирии камбудиҳо дар фаъолияти ширкатҳои брокерӣ баррасӣ шуданд.
Раиси Шуро, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз намуд, ки ҳадафи асосии Шуро мусоидат ба таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии мамлакат дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорату саноат, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, такмили амалиёти содиротиву воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.
Раиси Шуро доир ба фаъолияти мақомоти гумрук маълумот дода, гуфт, ки ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, пардохтҳои электронӣ ва ғайринақдӣ, низоми «Равзанаи ягона», такмили низоми идораи таваккал, ташкили долонҳои сабз ва мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ ба беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти гумрук мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин муҷаҳҳаз гардонидани баъзе дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ бо таҷҳизоти муосир ва таҷдиди инфрасохтори онҳо аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда арзёбӣ гардиданд. Ин тадбирҳо барои иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ замина фароҳам овардаанд.
Дар идомаи ҷаласа намояндаи лоиҳаи АСИКУДА дар мавзӯи «Платформаи ягонаи рақамӣ барои дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасониҳои гумрукӣ» маърӯза намуда, имкониятҳои низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукиро муаррифӣ кард.
Гуфта шуд, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми АСИКУДА барои ташкили низоми мукаммали электронии танзими гумрукӣ дар сатҳи миллӣ, баланд бардоштани шаффофият, такмили назорати маъмурӣ ва беҳтар намудани ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамоянд.
Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти мутахассисони барасмиятдарории гумрукии ширкатҳои брокерӣ, сифати хизматрасониҳои гумрукӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани масъулияти мутахассисони соҳа баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки таҳлили ҳолатҳои пур кардани декларатсияҳои гумрукӣ нишон медиҳад, ки дар фаъолияти баъзе мутахассисони ширкатҳои брокерӣ камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, кам нишон додани арзиши гумрукии мол, иваз намудани номгӯи молҳои гаронарзиш ба молҳои арзонтар, нишон додани молҳои андозбандишаванда ҳамчун молҳои имтиёзнок, нодуруст муайян кардани рамз ва номгӯи мол, арзиши гумрукӣ ва кишвари истеҳсол, инчунин насупоридани боҷу андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ошкор гардидаанд.Чунин амалҳо метавонанд ба буҷети давлатӣ зарар расонида, ба шаффофияти хизматрасониҳои гумрукӣ ва эътибори мутахассисони масъулиятшиноси соҳа таъсири манфӣ расонанд.
Вобаста ба камбудиҳои ҷиддии ошкоргардида нисбат ба баъзе мутахассисони ширкатҳои брокерӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Ҳамзамон тибқи фармоишҳои Хадамоти гумрук, шаҳодатномаҳои тахассусии 15 нафар мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ бекор гардида, амали шаҳодатномаҳои 47 нафар ба муҳлати нуҳ моҳ бозхонд ва амали шаҳодатномаҳои шаш нафари дигар ба муҳлати шаш моҳ боздошта шудааст.
Баён гардид, ки пешгирии қонуншиканиҳо, риояи қатъии талаботи қонунгузории гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти мутахассисон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти гумрук ба шумор мераванд.
АКС:Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
_________
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия карда шудааст.