Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи рӯзи якуми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитон дар мамлакат 55 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи рӯзи якуми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитон дар мамлакат 55 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзи якум комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дод. Ҳамзамон нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 76 фоиз, вилояти Суғд–13 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ–64 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 63 фоизро ташкил дод.

Беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат нақшаи пешбинигардидаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"