Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон — 2026» оғоз гардид. Дар ин хусус

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон — 2026» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ниҳоии озмун 5 нафар ғолибони даври шаҳрию вилоятӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз рӯйи ҳафт шарт маҳорати касбӣ месанҷанд.

Зимни ифтитоҳи озмун Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иброз намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» яке аз намунаҳои равшани таваҷҷуҳи давлат ба мақоми омӯзгор мебошад. Ин санади муҳим мақоми омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои касбии омӯзгоронро ба танзим медарорад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ вазифаи омӯзгори муосир танҳо расонидани дониш набуда, балки омӯзонидани қобилияти таҳлил, андешаронӣ, интихоби иттилооти дуруст ва истифодаи дониш дар ҳаёти воқеӣ мебошад. Дар ин раванд технология бояд ҳамчун воситаи ёрирасони омӯзгор истифода шавад.

Ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» кашф ва муаррифии омӯзгорони эҷодкор, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва паҳн намудани усулҳои самараноки таълиму тарбия мебошад. Озмун барои иштирокчиён бояд мактаби таҷриба, табодули андеша ва муаррифии ташаббусҳои нави педагогӣ бошад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"