Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

АМИТ "Ховар" ·

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти…

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.

Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст.

Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд.

Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст.

Бунёди иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз гардида, дар раванди сохтмон 40 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.

Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хизматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани самаранокии хизмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.

Источник: АМИТ "Ховар"