Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад. Бо ин мақсад ҷаласаи кории ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои даври сеюм ва омодагӣ ба баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо таваҷҷуҳ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот нақши муҳим дорад.
Баргузории озмун давоми солҳои сипаригашта барои баланд бардоштани таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои техникиву технологӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои даври сеюм ва омодагӣ ба баргузории даври чоруми озмун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи талаботи Низомнома ва ҷадвали тасдиқгардида, даври сеюми озмун аз 14 то 17 сентябри соли 2026 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Дар даври сеюми озмун ҳамагӣ 4 ҳазору 482 довталаб иштирок намуда, аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбаст 700 ғолиб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 244 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври чоруми озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, масъулони вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он барои таъмини раванди муназзами озмун вазифадор гардидаанд.
Таъкид карда шуд, ки даври чоруми озмун бояд бо риояи қатъии талаботи Низомнома, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардад. Аз масъулон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нишон дода, барои иштироки фаъоли ҳамаи ғолибони даври сеюм шароити заруриро фароҳам оваранд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ба масъулини дахлдор барои таъмини иштироки пурраи ғолибони даври сеюм, омодагии ҳамаҷонибаи маконҳои баргузорӣ, риояи қатъии талаботи Низомномаи озмун, таъмини шаффофияту адолат ҳангоми баҳогузорӣ ва назорати доимии раванди баргузории он дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бояд дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо масъулияти баланд ва натиҷаҳои назаррас баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» то 28 октябр идома меёбад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон