Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар» /. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст, ки замини онҳо 127 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Замини гармхонаҳо 127 гектар буда, дар 57,2 гектар помидор, 28,1 гектар бодиринг ва 23,1 гектар дигар намудҳои сабзавот кишт гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ин гармхонаҳо 3865 тонна сабзавот ва 793 тонна дигар намудҳои сабзавот истеҳсол гардида, ба бозори дохилии мамлакат пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон дар гармхонаҳо 6033 ҳазор дона кӯчат истеҳсол карда шудааст. Соли равон дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар 4017 гектар кишти сабзавот гузаронида шудаст.
Дар шароити иқлими Тоҷикистон дар гармхонаҳо метавон тӯли тамоми сол ҳосил ва даромад ба даст овард. Сабзавоти ботароват ва баландсифат дар ҳар мавсими сол манбаи ғизои дуруст ва солимии аҳолии мамлакат мебошад. Фаъолияти босамари гармхонаҳост, ки дар рӯзҳои зимистон бозори истеъмолӣ аз ҷониби кишоварзони ҷумҳурӣ бо сабзавоти тару тоза таъмин карда мешавад. Инчунин истифодаи гармхонаҳои мавсимӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба манфиати сокинон мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъулони соҳа барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат дастуру супориш медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»