Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нақшаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба анҷом расонида шуда, беш аз 15 ҳазору 400 иншооти гуногун бунёду навсозӣ

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. С оли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нақшаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба анҷом расонида шуда, беш аз 15 ҳазору 400 иншооти гуногун бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Рушди минтақавӣ ба 37 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш 108 фоиз таъмин гардид. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ 27,2 фоизро ташкил намуд. Дар 9 моҳи соли 2026 дар вилоят ба маблағи 31,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш 108 фоиз таъмин карда шуд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 1351 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1313 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият кардааст. Намудҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба 271 номгӯй расонида шуд.

Дар вилояти Суғд дар моҳҳои январ–сентябри соли равон ба 3954,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 144,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми корҳои сохтмонию васлгарӣ ба 3577,4 миллион сомонӣ расида, беш аз 427 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, аз ҷумла иқтидори иловагии таълимӣ барои хонандагону кӯдакон ба истифода дода шуд.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 427 388 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иқтидори иловагӣ барои 4198 ҷойи нишаст муҳайё карда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иқтидори иловагӣ барои 568 ҷой ба истифода дода шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"