ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар ноҳияи Муъминобод маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид. Ба 52 нафар ҷавононе, ки даври махсуси ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд, хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар ноҳияи Муъминобод маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид. Ба 52 нафар ҷавононе, ки даври махсуси ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ шароити хизмати ҳарбӣ беҳтар гардидааст.
Имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромии мамлакат ҷавонон бо амри дил ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран азми хизмат ба Ватанро мекунанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстию миллатдӯстиро бо ҳифзи марзу буми Ватан тавъам дониста, чунин изҳор медоранд: «Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии ҷумҳуриро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст- аз хурд то бузург афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Зимни ҷамъомад падару модарон ва ҷавонон ба саҳна баромада, ба Пешвои миллат барои фароҳам овардани шароити мусоид дар қисмҳои низомӣ изҳори сипос карданд. Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.
АКС: АМИТ «Ховар»