Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера (2025–2034)» дар мавзуи «Тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ» машварати илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт хабар медиҳад, дар машварат масъалаҳои асосии омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, банақшагирии хатсайри экспедитсия, интихоби таҷҳизоти илмӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ, тартиби ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ ва усулҳои коркарди натиҷаҳои бадастомада мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин аҳамияти истифодаи асбобҳои геодезӣ, гидрометеорологӣ ва глятсиологӣ дар омӯзиши хусусиятҳои морфологӣ ва динамикии пиряхҳо шарҳ дода шуд.
Таъкид шуд, ки истифодаи дурусти таҷҳизоти илмӣ ва татбиқи методикаҳои стандартии тадқиқот имконият медиҳанд, ки маълумоти саҳеҳ ва боэътимод оид ба тағйирёбии пиряхҳо ба даст оварда шавад.
Машварат барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва такмили малакаҳои амалии кормандони илмӣ ва мутахассисони ҷавон аҳамияти калон дошта, ба рушди тадқиқоти криосферӣ, беҳтар гардидани сифати корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии маълумоти боэътимоди илмӣ мусоидат менамояд.
АКС: Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон