Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ маҳз бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм, таҳкими иқтидори муассисаҳои илмӣ ва густариши таҳқиқоти бунёдию амалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин раванд рушди илми кимиё ва технологияҳои кимиёвӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аҳаммияти хосса дорад.

Таъкид гардид, ки тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот, истифодаи самараноки захираҳои табиии ҷумҳурӣ ва таҳияи технологияҳои муосири коркарди ашёи хом аз вазифаҳои муҳими олимони соҳаи кимиё ба шумор меравад. Татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот метавонад ба рушди саноати миллӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат намояд.

Илми кимиё дар рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тиб ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим дошта, дастовардҳои он барои ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таҳияи маводи нав замина фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, густариши таҳқиқоти илмӣ, амалӣ намудани усулҳои муосири озмоишӣ ва омода кардани кадрҳои ҷавони соҳибтахассус аз самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа ба ҳисоб мераванд.

Олимону муҳаққиқон доир ба рушди илми кимиё, дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти 80-солаи институт маъруза намуда, саҳми олимони институт дар ташаккули мактабҳои илмӣ, густариши таҳқиқоти бунёдию амалӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкории илмӣ, татбиқи  технологияҳои инноватсионӣ ва натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот баён гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"