ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
5 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -1» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд.
***
5 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенберг ва шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба Кувайт ва иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» бо мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт доктор Фотима ал-Солим мусоҳиба доир намуданд.
5 НОЯБР:
Рӯзи умумиҷаҳонии паҳн кардани иттилоот оид ба мушкилоти сунами.
***
Дар Русия — Рӯзи кормандони суд.
РӮЙДОДҲО:
5 ноябри соли 1964 дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.
***
18 сол қабл, 5 ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи радиои «Фарҳанг» оғоз гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои нави Коллеҷи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Олимпиадаи дуюми байналмилалии «Мастер педиатрии», ки дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия баргузор гардид, ғолиб омада, соҳиби Ҷоми олимпиада ва Диплом гардиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1914 Фаронса ва Британияи Кабир бо Туркия ҷанг эълон карданд.
***
Соли 1935 бозии рӯйимизии «Монополия» сохта шуд.
***
Соли 1927 дар Англия аввалин маротиба чароғаки роҳи худкор ба кор дароварда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Аҳрор Мухторов –соли 1924- олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991), доктори илми таърих (1971), профессор (1982), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (2007).