Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат.
Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» аз 21 то 26 октябр доир гардид, ки дар он ҳунармандони Тоҷикистон, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни фестивал ҳунармандон маҳорати касбӣ, таҷрибаи эҷодӣ ва дастовардҳои санъати театрии худро муаррифӣ намуданд.
Фестивали «Чодари хаёл» барои таҳкими робитаҳои фарҳангии байни давлатҳо, табодули таҷрибаи касбӣ ва рушди ҳамкории эҷодӣ байни театрҳои лӯхтак заминаи мусоид фароҳам овард. Ин фестивал на танҳо як ҷашни ҳунар, балки як василаи муҳими рушди ҳамкории фарҳангӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки баргузории фестивал ба коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи ҳамкасбони хориҷии худ аз наздик шинос шаванд. Маҳорати касбии худро тавассути вохӯриҳо ва маҳфилҳои омӯзишӣ баланд бардоранд.
Ба гуфти иштирокдорон, театрҳои лӯхтак воситаи асосии ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдакон мебошанд. Намоишҳои сатҳи баланд ба кӯдакони тоҷик дарки зебоӣ, дӯстӣ ва арзишҳои инсониро меомӯзонанд. Ҳамчунин фестивал барои ба намоиш гузоштани афсонаҳо, анъанаҳо ва ҳунари театрии тоҷик ба меҳмонони хориҷӣ имконияти хубест. Ин ба тарғиби фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ кӯмак мекунад.
Тавре ташкилкунандагони ин фестивал иброз намуданд, омадани ҳунармандони театрҳо аз давлатҳои гуногун ҳамкории фарҳангиро мустаҳкам мекунад. Он ба густариши дӯстии байни мамлакатҳо ва робитаҳои бародарона мусоидат менамояд.
Муовини директори Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Ҷӯрахон Сафаров иброз дошт, ки дар ифтитоҳи ин ҷашнвора аз ҷониби ҳунармандони театри мо намоиши «Роҳе, ки мо ба ёд дорем» пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни фестивал аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон намоиши «Шоҳзодаи афсунзада» ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бохтар намоиши «Алиҷон ва хирс» пешниҳод гардид. Инчунин ҳунармандони Туркманистон намоиши «Қиссаҳои қадим», Ҷумҳурии Қазоқистон намоиши «Пуст ва варзиш», ҳунармандони Федератсияи Русия намоиши «Малика ва нахӯд ё панҷ шаби беохир» ва ҳунармандони Ҷумҳурии Узбекистон намоиши «Тойча»-ро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар маросими ҷамъбастии фестивал ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе намоиши «Қиссаи Рустам»-ро аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пешниҳод намуданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ иштирокчиён ва ҳунармандони фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди санъати театрӣ ва иштироки фаъолона қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» аз соли 2007 инҷониб баргузор мешавад.Он дар ду сол як маротиба доир шуда, ҳадафи аслии он таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикисто н