COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур намояндагони ҷомеаи байналмилалиро бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ва густариши муколама оид ба масъалаҳои обу иқлим гирди ҳам овард.

Саноӣ Бойзода иштироки пайвастаи Тоҷикистонро дар ташаббуси «Об барои иқлим» аз замони ба роҳ мондани он дар COP26 дар шаҳри Глазго таъкид намуд. Ӯ аҳаммияти ворид намудани масъалаҳои марбут ба обро ба рӯзномаи байналмилалии иқлим таъкид намуда, ба мушкилоти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ба хусус дар кишварҳои кӯҳсор ва минтақаҳое, ки дар онҳо захираҳои об ташаккул меёбанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Илова бар ин, иштирок дар ин чорабинӣ имкон дод, ки натиҷаҳои чорабиниҳои байналмилалии охирин, аз ҷумла Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе оид ба об бо марҳилаҳои глобалии оянда пайваст карда шаванд.

Инчунин омодагии Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи глобалии об дар остонаи Конфронси оби СММ дар соли 2026 дар Абу-Забӣ ва Форуми 11-уми ҷаҳонии об дар соли 2027, инчунин дар доираи омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2028 дар Душанбе таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки дар назар аст дар натиҷаи ин конфронс Чорчӯбаи оби Душанбе ҳамчун ҳуҷҷати асосии ба амал нигаронида қабул карда шавад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"