ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ ҷавонони ватандӯсти шаҳри Панҷакент бо сари баланд барои адои хизмати Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Дар ин хусус

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ ҷавонони ватандӯсти шаҳри Панҷакент бо сари баланд барои адои хизмати Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Дар шаҳр бахшида ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Зимни он ба ҷавонон шаҳодатномаҳои касбӣ дода шуда, маросими анъанавии нонгазон баргузор гардид.

Роҳбарияти шаҳри Панҷакент барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модарон ва фарзандони ҷоннисору ватандӯст изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон хизмати содиқона ба Ватанро таманно намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Источник: АМИТ "Ховар"