Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг ба маблағи 854 миллион сомонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 763 муассисаи

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг ба маблағи 854 миллион сомонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 763 муассисаи фарҳанг барои рушду густариши фарҳанги миллӣ хизмат карда истодааст. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд 1361 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо мероси гаронбаҳои тамаддуни тоҷикон мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор ёдгориҳои муҳимми таърихиву меъморӣ, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, Қалъаи Хуҷанд ва Қалъаи Муғ барқарор ва навсозӣ карда шуданд.

«Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудану таҷлил гардидани 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба муаррифии боз ҳам беҳтари тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд»,-хотиррасон намуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат ҳамчунин ёдовар шуданд, ки ба шабакаи ҷаҳонии шаҳрҳои ҳунармандӣ шомил гардидани шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент нишонаи эътирофи ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки дар замони соҳибистиқлолӣ азнавсозӣ гардид, имрӯз ба яке аз марказҳои муҳимми фарҳангиву сайёҳии мамлакат табдил ёфтааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"