Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё” дар Москва ба саҳна гузошта шуд

АМИТ "Ховар" · · g524901

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё” дар Москва ба саҳна гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар/. 7 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷиҳати татбиқи барномаҳои рушди фарҳанги миллӣ, дар шаҳри Москва дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар толори “Мастерская – 12” Никита Михалков намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё” ба саҳна гузошта шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.

Дар чорабинии мазкур кормандони Сафорат, аъзоёни Шурои ҷамъиятии назди Сафорат, намояндагони аҳли зиёӣ кишвари иқомат ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Намоишномаи мазкур, ки коргардони он Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов мебошад, бо маҳорати баланди ҳунарӣ ва иҷрои таъсирбахши нақшҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд.

Дар ҷараёни намоиш ҳунармандони театри тоҷик бо ҳунари касбии худ муҳтавои асарро ба таври таъсирбахш ба тамошобинон пешниҳод карда, паёмҳои ахлоқиву маънавии онро равшан инъикос намуданд.

Дар фарҷоми намоишномаи театрӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ таъкид кард, ки иқдоми мазкур дар заминаи густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва ташаккули ҳувияти миллӣ ба рушди худшиносӣ ва пойдории арзишҳои таърихӣ асос ёфтааст. Роҳбари намояндагии дипломатӣ ба ҳамаи ҳунармандон изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки намоишномаи театрӣ ба тамошобинон таассуроти амиқ ва фаромӯшнашаванда гузошт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"