Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа нақши бунёдӣ дорад. Имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Оид ба масоили экологӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар Конститутсия мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбон чунин гуфт:

— Қабули Конститутсияи соли 1994 дар шароите ба вуқуъ пайваст, ки Тоҷикистон ба ташаккули сохтори мустақили давлатӣ ва низоми нави ҳуқуқӣ ниёз дошт. Давлат бояд асосҳои соҳибихтиёрӣ, шакли идоракунӣ, сохтори мақомоти ҳокимият, кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва муносибатҳои худро бо ҷомеаи байналмилалӣ муайян мекард. Албатта, Конститутсияи нав барои ҳалли ин масъалаҳо заминаи бунёдӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аҳамияти махсус дошт, зеро шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки дар қабули санади асосии давлат бевосита иштирок намоянд.

Дар баробари ин, пас аз солҳои 90-уми асри гузашта, махсусан баъд аз нашри нахустин гузориши таҳлилии ҳолати иқлими ҷаҳонӣ аз ҷониби Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) соли 1990 мушкилоти экологӣ ва тағйирёбии иқлим ба яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи амнияти инсон, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ табдил ёфтанд. Зеро афзоиши ҳарорати миёнаи ҳаво, тағйир ёфтани низоми боришот, камшавии захираҳои барфу ях, таназзули замин, ифлосшавии ҳавои атмосфера ва захираҳои об, инчунин афзоиши хатари офатҳои табиӣ давлатҳоро водор месозанд, ки сиёсати экологиро бо меъёрҳои конститутсионӣ, стратегияҳои рушди миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг намоянд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масоил аҳамияти махсус доранд, зеро кӯҳсор будани қисми зиёди қаламрав, вобастагии низоми обии минтақа аз барфу пиряхҳо ва ҳассосияти экосистемаҳои баландкӯҳ ба тағйирёбии шароити метеорологӣ зарурати омӯзишу пажуҳиши ҳамаҷонибаи равандҳои иқлимӣ ва татбиқи тадбирҳои самараноки ҳифзи табиатро ба миён меорад. Албатта, дар чунин шароит Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои ташаккули сиёсати давлатии экологӣ, муайян намудани масъулияти давлату шаҳрвандон, таъмини истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи захираҳои обу пиряхҳо заминаи бунёдӣ ва шароити муҳим фароҳам меорад.

Аз ҷониби дигар, бо мақсади ҳифзи низоми экологии сайёра, мубориза бо гармшавии иқлим, коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим, таъмини оби нӯшокӣ, истифодаи оқилонаи обҳои фаромарзӣ, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувори экологӣ Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун давлати пешсафи ташаббусҳои байналмилалӣ эътироф гардид. Зеро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои зертобеи он (UNESCAP, UNEP) ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли масоили глобалии экологӣ, чун «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034», «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, ба хусус дар минтақаҳои кӯҳсор» бо иттифоқи оро қабул гардиданд.

Ҳамзамон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ – конвенсияҳои ҳифзи қабати озон, гуногунии биологӣ, мубориза бар зидди биёбоншавӣ, тағйирёбии иқлим, ботлоқзори дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҳайвоноти кӯчии ёбоӣ, дастрас намудани иттилооти экологӣ ва иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо дар бораи масоили ҳифзи муҳити зист, ифлоскунандаҳои устувори органикӣ, хариду фурӯши байналмилалии навъҳои набототи ёбоиву ҳайвоноти ваҳшӣ, назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарноку нобудсозии онҳо ва протоколи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҳамроҳ гардида, дар заминаи ҳамкории дуҷониба тамоми уҳдадориҳои байналмилалии худро дар назди котиботи ин конвенсия ба сомон расонид. Мисол, бо мақсади иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2002-2003, 2008, 2014 ва 2022 чор ахбори миллӣ доир ба тағйирёбии иқлимро омода ва ба котиботи ин конвенсия пешниҳод кард. Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон чор стратегияи муҳими миллии вобаста ба ҳалли мушкилоти экологӣ, захираҳои об ва тағйирёбии иқлим – Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037 ва Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040-ро қабул карда, барои татбиқи амалӣ ва ҳамаҷонибаи онҳо дар баробари фароҳам овардани шароитҳои мусоид, аз тамоми воситаву имконот самаранок истифода менамояд.

Ҳадаф аз ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба ин конвенсияҳои байналмилалӣ, аз як тараф, арзёбии холисонаи равандҳои тағйирёбии иқлим бошад, аз тарафи дигар, иртиботи арзишҳои илмӣ дар сатҳҳои гуногун бо баҳогузории таъсири тамоюл ба рушди минбаъдаи иқтисодиёту таъмини иҷтимоиёт мебошад. Далелу андешаҳои гуфташуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба об ҳамқадами замон мебошад. Бинобар ин, коршиносон бар он назаранд, ки Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим муносибати хеле ҷиддӣ дорад ва барои мутобиқшавӣ ба он тадбирҳои мушаххас андешида, барои ҳалли ин масъала бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар сатҳҳои зарурӣ ҳамкории пурсамар дорад. Далели раднопазири гуфтаҳои боло ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ ва котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона ҳамкорӣ менамояд».

Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ ва низоми васеи кӯҳсор мебошад, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аҳамияти стратегӣ доранд. Тибқи ҳисобҳои метеорологӣ, агар гармшавии имрӯзаи иқлими сайёра ба андозаи камтар аз +1,2°C шиддат ва давомнокии мавҷҳои гармӣ, хушксолӣ, биёбоншавӣ ва сӯхтори ҷангалҳоро вусъат бахшидааст, ҳамзамон сенарияи гармшавии иқлим дар оянда офатҳои бештар дар пай дорад. Дар Тоҷикистон низ болоравии амиқи ҳарорати ҳаво мушоҳида гардида, давоми солҳои 1940-2017 ҳарорати миёнаи солона барои ҳар даҳсолаи ин давра аз +0,1 то +0,2°С афзудааст. Миқдори рӯзҳо бо ҳарорати +40°С ва аз ин баланд афзоиш ёфта, дар минтақаҳои кӯҳсор афзоиши ҳарорат ба +0,3 – +0,5°С ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ ба +0,2 – +0,4°С мерасад ва аз рӯйи сенарияҳои тағйирёбии иқлим, ҳарорати миёнаи солона то соли 2050 ба андозаи +1,8 – +2,9°С баланд мешавад. Зиёдшавии ҳарорати ҳаво, махсусан дар фасли гарми сол мушоҳида шуда, дар баъзе минтақаҳо ба +4,9°С мерасад. Вале, дар фасли сармо қимати максималии афзоиши ҳарорат тақрибан +2°C афзуда, ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон ҳарорат ҳатто дар системаи кӯҳии Помир ва Ҳиндукуш баланд шудааст. Ҳамчунин давоми солҳои охир хушксолиҳо тез-тез ба амал омада, давомнокии мавсими боронгариҳои муссонӣ афзудааст ва дар миқёси ҷаҳонӣ обхезию тӯфонҳо 71 фоизи офатҳои табииеро, ки солҳои 1990-2019 ба амал омадаанд, ташкил медиҳанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки тағйирёбии глобалии иқлим боиси афзудани офатҳои табиӣ низ мегардад, яъне миқдори офатҳои табиии марбут ба обу ҳаво ва иқлим аз 39 ҳодисаи соли 1960 ба 396 ҳодиса дар соли 2019 расидааст.

Дар ин робита, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овардааст. Яъне, моддаи 13-и Конститутсия моликияти истисноии давлат будани замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табииро муқаррар мекунад, ки ин меъёр барои идоракунии давлатии захираҳои табиӣ, танзими истифодаи онҳо ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа асоси ҳуқуқӣ мебошад. Моддаи 44-и Конститутсия бошад, ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихию фарҳангиро вазифаи ҳар як шахс эътироф менамояд ва мазмуни ин меъёр масъулияти шаҳрвандонро дар пешгирии ифлосшавӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳо ва нигоҳдории муҳити зист таъкид мекунад. Ин меъёрҳо барои таҳлили ҳуқуқии масъалаҳои зерин замина фароҳам меорад:

Якум, ҳифзи захираҳои об. Об барои таъмини аҳолӣ, рушди кишоварзӣ, истеҳсоли неруи барқ ва фаъолияти экосистемаҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад. Бинобар ин, истифодаи оқилонаи самараноки он бояд бо талаботи қонунгузории экологӣ ва манфиатҳои дарозмуддати ҷомеа мувофиқ бошад.

Дуюм, ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ. Тағйирёбии иқлим ба тавозуни обӣ, ҳолати пиряхҳо ва устувории захираҳои об таъсир мерасонад. Пажуҳиши ин равандҳо, гузаронидани мониторинги мунтазам ва истифодаи маълумоти илмӣ барои таҳияи қарорҳои асоснок бағоят заруранд.

Сеюм, пешгирии ифлосшавии муҳити зист. Ҳифзи захираҳои об, ҳаво ва замин на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти умумии ҷомеа буда, меъёрҳои конститутсионӣ бояд бо қонунҳои соҳавӣ, стандартҳои экологӣ ва тадбирҳои назоратӣ амалӣ карда шаванд.

Чорум, истифодаи технологияҳои муосир. Истифодаи системаҳои иттилоотии географӣ, аксҳои моҳворавӣ ва зеҳни сунъӣ метавонад ба мониторинги пиряхҳо, арзёбии тағйирёбии захираҳои об ва пешгӯии офатҳои табиӣ мусоидат намояд. Вале истифодаи чунин технологияҳо бояд ба талаботи қонунгузорӣ, ҳифзи маълумот ва масъулияти илмӣ мутобиқ бошад.

Дар маҷмуъ, робитаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаҳои экологӣ нишон медиҳад, ки рушди устувор танҳо вазифаи иқтисодӣ ё техникӣ нест, балки он заминаи ҳуқуқӣ, масъулияти давлатӣ ва иштироки фаъолонаю ҳатмии шаҳрвандонро талаб мекунад. Зеро татбиқи воқеии меъёрҳои Конститутсия дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бояд ба ҳамгироии ҳуқуқ, илм, идоракунии самаранок ва масъулияти шаҳрвандӣ такя кунад. Танҳо дар ин маврид метавон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологиро ҳамчун ҷузъи муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуд. Бинобар ин, эҳтиром ба Конститутсия бояд на танҳо ҳамчун арзиши ҳуқуқӣ, балки ҳамчун фарҳанги риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва масъулият дар назди наслҳои оянда ташаккул ёбад.

Источник: АМИТ "Ховар"