ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
Дар ин рӯзи соли 2009 дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби «Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ибни Нуъмон» — и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид.
Дар ин рӯзи соли 2009 дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби «Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ибни Нуъмон» — и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид.
***
2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ «Diplomatic World» (Ҷаҳони дипломатия, ш.Брюссел) (№ 36) дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони «Меъмори сулҳ» оид ба ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақола нашр намуд.
***
13 сол пеш, 2 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Олмон Михаэл Глос масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
2 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷопон сафар намуданд.
***
2 октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
2 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карда шуд.
***
2 октябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварданд.
2 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии бе хушунат.
***
Рӯзи ҷаҳонии табибон.
***
Рӯзи ҷаҳонии ханда.
***
Ганди Ҷаянти — зодрӯзи Махатма Ганди.
РӮЙДОДҲО :
2 октябри соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд калонтарин (дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ) комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намуд.
***
7 сол пеш, 2 октябри соли 2014 ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
2 октябри соли 2002 дар Ҷопон бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.
***
2 октябри соли 2005 Италия бори нахуст рӯзи бибиҳо ва бобоҳоро ҷашн гирифт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1929 хатсайри ҳавоии самти Тошканд — Душанбе — Ғарм – Хоруғ фаъол гардид.
***
Соли 1987 дар шабакаи аввали телевизиони марказии Русия барномаи нахустини «Взгляд» ба эфир баромад.