Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо вазъи корҳои саҳроӣ ва фаъолияти нуқтаи қабули пахта дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва кори хоҷагии деҳқонии «Сирдарё» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Муовини Сарвазири мамлакат нахуст бо фаъолияти истеҳсолии корхона, вазъи техникӣ ва технологӣ, инчунин имконияти мавҷудаи қабули пахта шинос шуд. Корхона аз соли 2013 ин ҷониб фаъолият дошта, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ аст ва он ҳар сол беш аз 2 ҳазор тонна пахта қабул менамояд.

Иброз гардид, ки бо назардошти аҳамияти соҳаи пахтакорӣ дар иқтисодиёти ноҳия зарур аст қабули пахтаи хом сари вақт ва бе таъхир анҷом дода шуда, ба сифати коркарди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ҳангоми қабул риояи дақиқи меъёрҳои технологӣ таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ бо деҳқонон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ҳамчунин ҷамъоварии пахта идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии «Хайрулло Баракабоев» дар 4 гектар пахта, 0,9 гектар сабзӣ, 0,8 гектар пиёз ва дар 2 гектар юнучқа кишт карда шудааст. Дар айни замон ҷамъоварии пахта идома дошта, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар зиёда аз 25-сентнериро ташкил медиҳад.

Сулаймон Зиёзода бо раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, кишти ғалладонаи тирамоҳӣ ва ҷамъоварии ҳосили сабзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Сирдарё» дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия шинос шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Сирдарё» 4,86 гектар замин мавҷуд буда, дар 0,90 гектар шолӣ, дар 3 гектар пахта ва дар 0,6 гектар гандум ва сабзӣ кишт гардидааст. Майдони боғот 0,86 гектарро ташкил медиҳад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» шинос гардид. Пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд шуда, 6 агрегати он ниёз ба таъмири пурра пайдо карда, ду агрегати дигар умуман фаъолият намекард. Аз ин сабаб дар самти обёрии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз, инчунин қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав мушкилӣ ба вуҷуд меомад.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 пойгоҳи обкашии мазкур пурра таъмиру таҷдид гардида, муҳаррику дастгоҳҳои нав насб карда шуданд. Тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» 7885 гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин карда шуд.

Ҳоло пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» дорои 8 агрегат буда, 4 агрегат пурра аз таъмир бароварда шудааст. Пойгоҳи обкашии мазкур дар умум 9735 гектарро бо оби полезӣ таъмин мекунад ва дар он 12 нафар фаъолият мебаранд.

Масъулин бо ҳолати техникии пойгоҳҳои обкашӣ, ҷараёни фаъолияти онҳо, таъмини об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон масъалаҳои беҳдошти замин ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми боздид Сулаймон Зиёзода ба масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳ супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Источник: АМИТ "Ховар"