Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар 331 гектар шолӣ кишт намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар». Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рустам Достиев иброз намуд,
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар 331 гектар шолӣ кишт намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рустам Достиев иброз намуд, ки дар як гектар 120-150 килограмм тухмӣ барои кишт истифода бурда мешавад. Давраи нашъунамои шолӣ 130 — 150 рӯзро дар бар мегирад. Кишти шолӣ пас аз ҷамъоварии ҳосили гандум гузаронида мешавад.
«Яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ омода намудани замини мувофиқ ва обёрии он мебошад. Замин бояд ҳамвор бошад, то барои обёрии доимӣ мувофиқ бошад. Дар ҳолати парвариши дуруст, риояи қоидаҳои агротехникӣ, танзими сатҳи об, нурипошӣ ва алафчинӣ, мубориза бо ҳашарот ва касалиҳо ва анҷоми дигар корҳо, ки дар раванди парвариши зироат ба миён меоянд, имкон аст, ки аз як гектар аз 60 то 70 сентнер ҳосили баланду дилхоҳ гирифта шавад»,- таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.
Таъкид гардид, ки дар оғози кишт об ба таври доимӣ то 10 сантиматр нигоҳ дошта мешавад. Зардшавии хӯшаҳо аз пухта расидани ҳосил дарак медиҳад.
Ҷамъоварии ҳосили шолӣ аз моҳҳои сентябр-октябр оғоз мегардад. Кишоварзон бо комбайнҳои хурди шолидаравӣ ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, дар анборҳои махсус нигоҳ медоранд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин кишоварзон баъди ҷамъ овардани ҳосили шолӣ боз гандум кишт мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»