БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» имсол дар 74,5 гектар плантатсияи павловния бунёд карда шуд. Дар айни замон дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли он парвариш меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи таҳия ва қабули барнома

Ҳадафи таҳия ва қабули «Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бунёди 200 гектар плантатсияҳои дарахти павлония, таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан дар беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ мебошад.

Ба иттилои сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов, моҳи январи соли 2026 дар талу теппаҳои Лучоби шаҳри Душанбе 2100 бех ниҳоли яксолаи павловния бо сохтани хати террас (зинаҳо) шинонида шуда, бо низоми обёрии қатрагӣ таъмин карда шуд.

Дар як сол то ба 4 метр расидани баландии ниҳолҳо

Ба иттилои мутахассис, ҳолати нашъунамои ниҳолҳо хуб буда, баландии онҳо аз 1 то ба 4 метр расидааст. Баъзе ниҳолҳое, ки то моҳи майи соли 2026 дар қуттиҳои махсус шинонида шуда буданд, то 2 метр ва ниҳолҳое, ки то моҳи апрел дар заминҳои кушод парвариш ёфтанд, ба 4 метр баландӣ баробар шуданд, ки дар шароити заминҳои мазкур нишондиҳандаи хуби нашъунамои онҳо ба ҳисоб меравад.

Қ обилияти барқароршавӣ аз реша

Павловния дарахти зудафзоишёбанда буда, дар муддати 7-8 сол ҳаҷми чӯби он то ба 1 метри мураббаъ мерасад. Яке аз хусусияти беназири он қобилияти барқароршавӣ аз реша –бе азнавшинонидани ниҳол мебошад, ки хароҷотро ба маротиб коҳиш медиҳад. Инчунин ҳар дарахт метавонад то 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ кунад.

Рушди иқтисодиёти мамлакат

Дар доираи барнома дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бунёди плантатсияҳои дарахти павловния ба нақша гирифта шудааст. Чӯби павловния барои саноати мебелсозӣ, сохтмон ва ҳамчун маводи сӯхт аҳамияти калон дорад. Барнома на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва таъсиси ҷойи нави кор мусоидат менамояд.

20 намуди хоси павловния

Ба андешаи мутахассисон, павловния- намуди растанӣ аз оилаи павловниягиҳое мебошад, ки зиёда аз 20 намуди хосро дар бар мегиранд ва бо як номи умумӣ- павловния шинохта шудаанд. Павловния дарахти дорои баргҳои калони зебо -қутрашон 70 см, қутри гулҳояш 6 см ва чатри зебо мебошад. Қутри танаи он то 1 метр ғафсӣ дорад. Вобаста ба шароити сабзиш дарахтони павловния баландиҳои гуногун дошта, то 30 метр қад доранд. Ба шароити хок серталаб нестанд, ҳатто дар заминҳои хушк, ки гаҷнокии онҳо то 2 фоизро ташкил медиҳад, мерӯянд, аммо дар хокҳои умқи намнокиашон муътадил ва ҳосилнокиашон баланд сабзиши нағз доранд. Рӯшноиро дӯст медоранд ва дар қитъаҳои кушоди замини офтобрас мерӯянд.

Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз, зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмон истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.

Ба андешаи Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парвариш метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилоти вобаста ба истифодаи энергия ва бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад.

Мусоидати павловния дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

Ҳамчунин бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния, истифодаи он дар ташкили минтақаҳои сабз ва боғҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, пешгирии гармшавии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он, инчунин ташкили ҷойи нави кор мусоидат менамояд.

«Бо назардошти сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалзор ва маҳдуд будани майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи технологияҳои нав дар парвариши ниҳолҳо ва зиёд намудани майдонҳои плантатсия, ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал ба рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некуаҳволии мардуми ин маҳалҳо мусоидат менамояд»,- афзуд Турдалӣ Арабов.

Дарахти павловния-бойигарии инсоният

Дарахти павловния бо афзоиши тези худ бойигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро азхуд намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"