10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик муқаррар гардидааст. Ин иди касбӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҷлил мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он беш аз 1500 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда шуданд. Ин иқдом барои беҳтар намудани шароити хизмат, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Танҳо дар даҳ соли охир беш аз 90 раёсату шуъба ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз нав бунёд карда шуданд. Биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ бо тарҳи замонавӣ таъмиру навсозӣ гардида, бо таҷҳизоту лавозимоти муосири хизматӣ таъмин шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иброз намуданд, ки «то замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат муассисаи таҳсилоти олии махсус барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси мақомоти корҳои дохилӣ вуҷуд надошт. Имрӯз дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ чор муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки дар омодасозии кадрҳои касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони соҳа нақши муҳим доранд».
Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳамчунин ба масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, заминаи муосири таълиму тарбияи кадрҳо ташаккул ёфтааст. Аз ҷумла, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи оташнишонӣ ва марказҳои таълимию омӯзишӣ таъсис дода шуда, барои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Таъсис ва рушди муассисаҳои таълимии соҳавӣ имкон медиҳад, ки мутахассисон бо назардошти талаботи замони муосир омода гардида, донишу малакаи касбияшонро пайваста такмил диҳанд. Зеро фаъолияти самараноки мақомоти корҳои дохилӣ аз сатҳи омодагии касбӣ, масъулиятшиносӣ, интизом ва садоқати кормандон ба савганди хизматӣ вобаста мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, инчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин раванд нуқтаҳои сайёри милитсия низ фаъолият мекунанд, ки тавассути онҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба маҳалҳои дурдаст сафар намуда, муроҷиати шаҳрвандонро қабул ва баррасӣ мекунанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, хариду фурӯши одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста такмил дода шавад. Дар ин самт баланд бардоштани сатҳи касбият, истифодаи таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ аз омилҳои муҳими таъмини фаъолияти самараноки мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои он чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида, кормандону собиқадорони соҳа барои фаъолияти пурсамар, хизмати софдилона ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботу амнияти ҷамъиятӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Имсол низ 7 ноябр дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар он як зумра кормандон ва собиқадорони соҳа барои хизматҳои шоиста бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар маҷмуъ 800 корманд бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ин иқдомҳо нишонаи таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ нисбат ба заҳмату талошҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буда, ба боз ҳам баланд бардоштани масъулияти хизматӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба касби интихобкарда мусоидат менамоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»