ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли 2026 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли 2026 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки имрӯз дар ҷараёни сафари корӣ 41 иншооти дигар ба истифода дода шуд. Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд.
«Дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуданд»,-афзуданд Президенти мамлакат.
Ҳамчунин дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2026 сохтмони боз 20 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Пешвои миллат ба сокинони заҳматдӯсти шаҳр, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Пре зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар »