КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар масири рақмикунонии иқтисодиёти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад. Қабули Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳадафи қабули Консепсияи иқтисоди рақамӣ
Ҳанӯз 7 сол муқаддам Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо назардошти омӯзишу таҳлили таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ ва пешниҳодҳои коршиносони шинохтаи байналмилалии соҳаи иқтисоди рақамӣ ва бахши хусусӣ Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд ва он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли 2019 тасдиқ карда шуд.
Мақсад аз қабули Консепсия фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ дар заминаи платформаи ягонаи ҳукумати рақамӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва мусоидат ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, шаффоф ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасонии тамоми сохторҳои давлатӣ дар асоси «равзанаи ягона» ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон мебошад.
Марҳилаҳои татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ
Татбиқи Консепсияи мазкур барои гузариш ба ҳукумати рақамӣ, рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таъсиси экосистемаи инноватсионӣ, ба даст овардани рақобатнокии ҷумҳурӣ дар савдои рақамии байналмилалии босуръати рушдёбанда, афзоиши иловагии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойи кори иловагӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ нақши муассир мегузорад.
Консепсия гузариши муттасили марҳила ба марҳиларо барои амалисозии дурнамои табодули рақамӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ намуда, дар се марҳила амалӣ карда мешавад.
Марҳилаи аввали иҷрои Консепсия
Марҳилаи якум то соли 2025 идома ёфт. Ин раванд ба гузаштан ба модели идоракунии электронӣ тавассути муросилоти ҳуҷҷатҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, таъсиси модели идоракунии табодули рақамӣ, муайян кардани нишондиҳандаҳои калидии мақсадноки дастовардҳои табодули рақамӣ ва маблағгузорӣ барои ташаккули иқтисоди рақамӣ нигаронида шуд.
Марҳилаи дуюми амалишавии Консепсия
Марҳилаи дуюм то соли 2030 идома меёбад. Дар ин давра дастрасии фарохмавҷ, амнияти иттилоотӣ, кибернетикӣ ва ғайрҳо таъсиси платформаҳо ва рушди хизматрасонии рақамӣ ва оғози лоиҳаҳои пилотӣ бояд таъмин карда шаванд.
Марҳилаи сеюми татбиқи Консепсия
Марҳилаи сеюм ва ниҳоии табодули рақамӣ давраи то соли 2040-ро дар бар гирифта, ба таҳкими минбаъдаи асосҳои ғайрирақамӣ ва рақамӣ дар ҷумҳурӣ, оғози лоиҳаҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ мутобиқи афзалияти дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинигардида, дар навбати аввал дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, телекоммуникатсия, нақлиёт, соҳаи хизматрасонӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат, аз ҷумла истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва савдо равона мегардад.
Барномаи миллии рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи Консепсия аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Барномаи миллии рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуд. Бо мақсади марҳала ба марҳила амалӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуро доир ба рушди иқтисоди рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Барнома иҷрои механизмҳои рақамии пешбурди мониторинги вазифаҳои гузошташуда, қабул ва коркарди алоқаи баръакс, механизми санҷиш ва ҳисоботдиҳии электронӣ, арзёбии истифодабарандагони рақамӣ ва сифати хизматрасониро назорат менамояд. Консепсияи мазкур ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, дидгоҳи умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамиро барои ноил шудан ба ҳадафи олии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мекунад.
Амалҳои ба анҷомрасида дар доираи татбиқи Консепсия
Дар Консепсия дарҷ гардидааст, ки: «татбиқи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои «рахнакунанда» бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши рақобатпазирии байналмилалии кишвар гардад».
Рақамикунонии иқтисод модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи байналмилалиро ба вуҷуд меорад, ба табдили корхонаҳои мавҷуда ва рушди навъҳои нави истеҳсолот такон мебахшад, тамоюли содиротиро тақвият дода, талаботи дохилиро тавассути воридотивазкунӣ қонеъ мегардонад.
То имрӯз дар доираи татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои гуногуни рақамикунонӣ дар мамлакат татбиқи худро ёфта, кори шаҳрвандон, субъектони соҳибкорӣ ва сохторҳои давлатиро осонтару сабук гардондаанд. Аз ҷумла, дар низоми андозситонӣ, низоми пардохтҳои хизматрасонӣ, дар савдою нақлиёт, ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ, пардохти нафақа ва музди меҳнат, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълиму таҳқиқоти илмӣ, дар тиб ва сохтмон аз ҳамин қабил аст. Дар доираи барномаю стратегия ва консепсияҳои дар ин самт таҳиягардида субъектҳои низоми иҷтимоию иқтисодиро зарур аст, ки дар оянда барои фаъолияти устувор, рақобатпазир ва рушдкунанда ба равандҳои рақамии фаъолият таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.
Дар доираи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан марҳилаи якум то соли 2025 якчанд корҳои муҳим ва заминавӣ иҷро карда шуданд. Аз ҷумла, дар мамлакат солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардида, ба раванди рақамикунонӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар заминаи Консепсия аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Барномаи миллии рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» таҳия ва амалӣ карда шуд. Нақшаҳои чорабиниҳо оид ба рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ қабул гардид. Портали ягонаи давлатии электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон -EGOV.TJ- Ҳукумати электронӣ таъсис дода шуд. Он ҳамчун платформаи марказӣ хизмат мекунад, ки сомонаҳо ва захираҳои интернетии тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистонро дар як ҷо ҷамъ овардааст. Портали ягонаи давлатии хизматрасониҳои электронӣ (eKhizmat.tj) такмил дода шуда, дастрасии шаҳрвандон ба ҳуҷҷатгузории рақамӣ осонтар гардид. Равандҳои кории вазорату идораҳо тавассути низоми мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ба роҳ монда шуданд.
Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) равандҳои кории вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистонро пурра автоматӣ кунонида, мубодилаи байниидоравиро бе истифодаи коғаз таъмин менамояд. Ин низом таҳти назорати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, дар беш аз 850 мақомоту идораи давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо ба роҳ монда шудааст.
Мувофиқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023, пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ -боҷҳо, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо) пурра ба шакли ғайринақдӣ (электронӣ) гузаронида шуд. Истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, интернет-банкинг ва замимаҳои мобилии бонкӣ дар байни аҳолӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Низоми пардохти электронӣ, ба монанди корти «City Card» дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе ва Худҷанд пурра амалӣ карда шуд. Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва дигар низомҳои назорати интеллектуалӣ васеъ гардиданд. Ҳамзамон сохтори махсусгардонида- Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳамоҳангсозии ягонаи сиёсати рақамикунониро дар Тоҷикистон пеш мебарад.
Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ барои мониторинги татбиқи технологияҳои рақамӣ ташкил карда шуданд. Дар соҳаи маориф низомҳои электронии бақайдгирӣ, рӯзномаҳои электронӣ (масалан, «eDonish») ва платформаҳои таълими маҷозӣ ташкил карда шуданд. Дар соҳаи тиб бахши «Тибби рақамӣ», аз ҷумла варақаҳои электронии беморон ва низоми навбати электронӣ дар баъзе клиникаҳо ба роҳ монда шуд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 қадами муассир дар самти рақамикунонии иқтисоди мамлакат ва амалӣ гардонидани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Мувофиқи он аз 1 августи соли 2023 ҳама гуна хизматрасониҳои муздноки давлатӣ, пардохти андозҳо, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои тиббӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд. Иҷрои ин фармон ба вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҷомеа, дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо истифода аз таҷҳизоти технологӣ-коммуникатсионӣ ва хеле кам гаштани дараҷаи истифодаи пули нақд дар муомилот мусоидат намуд.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз