Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ВАҲДАТ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, дар деҳаи Чуртаки Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов ва деҳаи Навободи Ҷамоти деҳоти Абдулло Абдулвосиев бунгоҳҳои тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи бунгоҳҳо таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳоро барои сокинони деҳот муҳайё намудааст, ки то мардум зиндагии орому осуда дошта бошанд.

Аҳли деҳот аз бунёди бунгоҳ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти наву замонавӣ дар деҳа мушкилоти сокинонро бартараф хоҳад намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Источник: АМИТ "Ховар"