ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои сиёсиву иқтисодӣ бо суръати баланд тағйир меёбанд ва масъалаҳои амният, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ аҳаммияти рӯзафзун касб мекунанд, нақши созмонҳои
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷ а ҳ они муосир , ки раванд ҳ ои сиёсиву и қ тисод ӣ бо суръати баланд та ғ йир меёбанд ва масъала ҳ ои амният , рушди устувор ва ҳ амкории байналмилал ӣ а ҳ аммияти р ӯ зафзун касб мекунанд , на қ ши созмон ҳ ои минта қ ав ӣ дар ташаккули фазои эътимод ва ҳ амо ҳ ангсозии манфиат ҳои давлатҳ о бештар мегардад . Дар чунин шароит Созмони ҳ амкории Шанхай ( С Ҳ Ш ) ҳ амчун яке аз механизм ҳ ои му ҳ имми муколамаи бисёр ҷ ониба барои густариши робита ҳ ои сиёс ӣ, и қ тисод ӣ, амният ӣ ва фар ҳ ангии кишвар ҳ ои аъзо имконияти васеъ фаро ҳ ам меорад .
–Баргузории ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бозгӯи аҳаммияти ин ҳамкорӣ ва нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи созандаи минтақавӣ мебошад. Ҷаласа дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ доир гардида, дар он масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, рақамикунонӣ, амнияти минтақавӣ ва густариши робитаҳои башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи ин чорабинии сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмон мулоқот намуда, дидгоҳи Тоҷикистонро оид ба таҳкими нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити муосири байналмилалӣ баён доштанд.
Мазмун ва муҳтавои ин мулоқоту музокирот нишон медиҳад, ки масъалаи асосӣ танҳо густариши робитаҳои байнидавлатӣ нест, балки ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас аз ҳамкории бисёрҷониба мебошад. Яке аз паёмҳои муҳими мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо таъкиди зарурати таҳкими нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва густариши фазои эътимод буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъҳо ва тақвияти нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ бори дигар таъкид намуданд. Ин мавқеъ ба зарурати пешбурди муколамаи сиёсӣ, эҳтироми манфиатҳои давлатҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои дипломатии ҳалли ихтилофҳо такя мекунад. Дар ин замина, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036”, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, аҳаммияти хосса дорад. Ин ташаббус ба зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди наслҳои оянда равона гардидааст.
Дар шароите, ки мушкилоти амниятӣ ва иқтисодӣ аксаран хусусияти фаромиллӣ доранд, ҳамоҳангсозии мавқеъҳои давлатҳо ва тақвияти ҳамкории бисёрҷониба метавонад ба ташаккули роҳҳалҳои устувор мусоидат намояд. Аз ин рӯ, нақши Созмони ҳамкории Шанхай бояд на танҳо бо фароҳам овардани майдони муколама, балки бо мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои муштарак низ арзёбӣ карда шавад.
Яке аз самтҳои асосии ҷаласаи Душанбе рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши сармоягузории мутақобил буд. Дар шароити тағйирёбии бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши рақобат барои ҷалби сармоя кишварҳои аъзои СҲШ ба истифодаи имконияти муштараки иқтисодӣ манфиатдор мебошанд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026–2030 оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди ҳамкории саноатӣ ва соҳибкорӣ, нақлиёту логистика, иқтисоди рақамӣ ва таъсиси махзани маълумоти лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Ин масъалаҳо барои Тоҷикистон аҳаммияти махсус доранд. Рушди инфрасохтор, тавсеаи иқтидори истеҳсолӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ аз омилҳои муҳимми таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ, такмили расмиёти гумрукӣ ва содагардонии ҳамлу нақли байналмилалӣ метавонанд ба афзоиши гардиши молу маҳсулот ва густариши робитаҳои мустақими соҳибкорони кишварҳои аъзо мусоидат кунанд. Барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас муҳим аст, ки тавофуқҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда бо барномаҳои мушаххас, муҳлатҳои иҷро ва механизмҳои арзёбии натиҷаҳо таъмин гарданд. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки ҳамкории минтақавӣ ба омили воқеии рушди иқтисодӣ табдил ёбад.
Дар асри технологияҳои рақамӣ рақобатпазирии иқтисоди миллӣ торафт бештар ба сатҳи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, омодасозии мутахассисони соҳибтахассус ва рушди инфрасохтори рақамӣ вобаста мегардад. Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос таъкид шуд. Ҳамзамон дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳо масъалаҳои таъсиси платформаи рақамии СҲШ барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, рақамикунонии иқтисод ва дастгирии стартапҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин раванд барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи технологӣ истифода бурда, иқтидори рақамии соҳаҳои иқтисодиётро тақвият бахшад.
Аз ҷумла, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва идоракунии давлатӣ метавонад самаранокии хизматрасониҳоро баланд бардошта, дастрасии шаҳрвандон ва соҳибкоронро ба имконияти нав беҳтар намояд. Дар баробари ин, ҳамкории муштарак дар омодасозии кадрҳо, табодули таҷриба ва рушди таҳқиқоти илмӣ метавонад барои ташаккули муҳити мусоиди инноватсионӣ дар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай замина гузорад.
Ҳамкории иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ дар шароити мавҷуд будани субот ва амнияти боэътимод самараноктар амалӣ мешавад. Аз ин рӯ, масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар рӯзномаи ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай ҷойгоҳи муҳим доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тақвияти талошҳои муштараки давлатҳои аъзоро дар ин самт таъкид намуда, ба масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Татбиқи чунин иқдомҳо метавонад ба тақвияти ҳамоҳангии мақомоти дахлдор, мубодилаи иттилоот ва рушди механизмҳои муштараки муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ мусоидат намояд.
Дар ин раванд муҳим аст, ки ҳамкории амниятӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисон ва густариши ҳамкории байниидоравӣ тақвият дода шавад. Барои Тоҷикистон, ки дар минтақаи дорои аҳаммияти муҳими геополитикӣ ҷойгир аст, таъмини амният ва субот яке аз заминаҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки ҳамкории минтақавиро тақозо мекунанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои назарраси гидроэнергетикӣ буда, дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба обу иқлим саҳми фаъол мегузорад. Аз ин рӯ, густариши ҳамкорӣ дар самти технологияҳои сабз, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ барои кишвар аҳаммияти стратегӣ дорад. Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикии аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад барои рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти энергетикии минтақа имконияти нав фароҳам оварад. Бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ ва соҳаҳои вобаста ба онҳо ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар самти мубодилаи маълумоти илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва таҳияи роҳҳалҳои муштарак аҳаммияти бештар касб мекунад.
Ҳамкории давлатҳо танҳо ба иқтисод ва амният маҳдуд намешавад. Муносибатҳои устувори байнидавлатӣ инчунин ба робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таълимӣ, эҳтироми мероси таърихӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумон такя мекунанд. Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳо ба рушди ҳамкории фарҳангиву башардӯстона, таҳкими робитаҳо дар соҳаи маориф, омӯзиши касбии ҷавонон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва академӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ин самт барои насли ҷавон имконияти васеъ фароҳам меорад. Табодули донишҷӯёну муҳаққиқон, ташкили барномаҳои муштараки илмӣ ва густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ метавонанд ба рушди сармояи инсонӣ ва ташаккули мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намоянд.
Ҳамзамон ҳамкорӣ байни муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои илмӣ барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина, дипломатияи фарҳангӣ метавонад ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимод ва наздиксозии мардумони кишварҳои аъзои Созмон хизмат кунад.
Натиҷаҳои ин ҷаласа нишон медиҳанд, ки рӯзномаи ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай фарогир буда, масъалаҳои иқтисодӣ, технологӣ, амниятӣ, экологӣ ва гуманитариро дар бар мегирад. Аммо самаранокии чунин ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи татбиқи қарорҳо ва қобилияти давлатҳои аъзо дар табдил додани ташаббусҳо ба натиҷаҳои мушаххас вобаста мебошад. Аз ин нуқтаи назар, таъкиди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба татбиқи пайгиронаи тавофуқоти ҳосилшуда ва иҷрои вазифаҳои дар назди Созмон гузошташуда аҳаммияти хосса дорад. Тақвияти ҳамоҳангӣ байни сохторҳои соҳавӣ, пайгирии мунтазами иҷрои қарорҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятнок метавонанд ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти СҲШ мусоидат кунанд.
Дар маҷмуъ, ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе барои баррасии масъалаҳои мубрами минтақа ва муайян намудани роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкории бисёрҷониба заминаи муҳим фароҳам овард. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва саҳмгузорӣ дар чунин равандҳо на танҳо имконияти пешбурди манфиатҳои миллӣ, балки василаи таҳкими робитаҳои дӯстона, ҷалби сармоя, рушди технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории минтақавӣ мебошад.
Шоҳҷаҳон ҚУРБОНОВ, докторанти курси 3-юми ихтисоси сиёсатшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон