Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаэл Рабаллан мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор мавриди муҳокима қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"