Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Форуми чоруми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷаласаи дуюм таҳти унвони «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодии давлатҳои минтақа, рушди савдои мутақобила, ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои нақлиётиву логистикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд.
Зимни ҷаласа иброз гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ яке аз заминаҳои муҳими рушди устувори Осиёи Марказӣ буда, густариши робитаҳои тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамчунин ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, тақвияти ҳамкории саноатӣ, рақамикунонии робитаҳои иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи захираҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун заминаи муҳим ва аз бисёр ҷиҳат муайянкунанда барои рушди устувори Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Густариши савдои мутақобила, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётию логистикӣ ва эҷоди шарикии энергетикӣ барои кишварҳои мо имкониятҳои бузургро фароҳам меоранд. Дар айни замон, ин равандҳо масъулияти муштараки моро барои табдил додани имкониятҳои мазкур ба амалҳои мушаххас тақозо мекунанд. Дастгирии корхонаҳои хурду миёна, рушди ҳамкории саноатӣ, пешбурди рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи захираҳо сазовори таваҷҷуҳи хоса мебошанд.
Иштирокчиён нақши парламентҳоро дар такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкории минтақавӣ, дастгирии ташаббусҳои муштарак ва рушди ҳамкории байни кумитаҳои соҳавӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки заминаи мукаммали қонунгузорӣ барои татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа намояндагони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон доир ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва рушди шарикии минтақавӣ андешаву пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Зимни ҷамъбасти ҷаласа зарурати идомаи табодули таҷриба байни кумитаҳои соҳавии парламентҳо, такмили саривақтии қонунгузорӣ ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба манфиатҳои дарозмуддати давлатҳо ва мардумони минтақа ҷавобгӯ мебошанд, таъкид гардид.
Ёдовар мешавем, ки 28–29 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.
Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар» АКС: АМИТ «Ховар»