Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк (NYC Marathon 2026) иштирок намуда, масофаи 42,2 километрро дар 2 соату 59 дақиқа тай кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.
Фатҳулло Одинаев ҳамчун ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур ба марра расида, Парчами давлатии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Иштироки муваффақонаи варзишгари тоҷик дар марафони Ню-Йорк боиси ифтихор буда, барои ҷавонони мамлакат намунаи ибрат ва омили ҳавасмандкунанда ба хотири машғул шудан ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва расидан ба дастовардҳои нав мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки ин дастовард дар партави сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аҳамияти хосса дорад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико