Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 91 ҳазору 248 гектар замин ба нақша гирифта шудааст. Ин барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2024 қабул гардида, 29 октябр дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амал оид ба амалигардонии ин Барнома барои солҳои 2027-2028 тасдиқ карда шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи барнома
Ҳадафи асосии барнома пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, барқарор кардани заҳбуру заҳкашҳо ва устувор сохтани заминаи амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Ба таъкиди коршиносон, татбиқи ин барнома имкон медиҳад, ки ҳосилнокии зироат аз 20 то 40 фоиз афзоиш ёфта, бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин ва вобастагӣ аз воридот кам карда шавад. Амалишавии барномаи мазкур ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат менамояд».
Амали барнома дар соли 2024
Дар соли аввали амалишавии барнома беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9 812 гектар замин ба нақша гирифта шуда буд. Дар натиҷаи ҳолати мелиоративии 10 107 гектар замини обёришаванда беҳтар карда шуд. Яъне аз нақша зиёд кор ба анҷом расонид шудааст.
Соли 2025 дар доираи барнома кадом корҳо анҷом ёфт?
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 15 ҳазору 632 гектар замин пешбинӣ шуда буд, ки аз он 13 132 гектар (84 фоизи нақша) амалӣ шуданд. Аз ин нишондиҳанда 7 102 гектар ба вилояти Суғд, 4 657 гектар ба вилояти Хатлон, 1 171 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 202 гектар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.
Амали барнома дар соли 2026 чӣ натиҷа дод?
Тибқи нақша, соли 2026 беҳтар намудани вазъи мелиоративии 18 075 гектар замин ба маблағи умумии 22,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. То 1 октябри соли равон ҳолати 9 329 гектар замин беҳтар карда шуд, ки ин 51,6 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Марҳилаи якум ( солҳои 2024-2026 )
Ҳамин тариқ, дар марҳилаи якуми барнома (давоми солҳои 2024-2026) аз нақшаи пешбинишудаи 43 519 гектар то имрӯз дар умум ҳолати мелиоративии 32 568 гектар замин солим гардонида шудааст ва масъулин талош доранд, ки иҷрои пурраи нақшаи марҳиларо то охири соли равон таъмин намоянд.
Марҳилаи дуюм ( с олҳои 2027-2028)
Дар марҳилаи дуюми барнома вазъи мелиоративии 47 729 гектар замини обёришавандаи мамлакат беҳтар гардонида мешавад. Аз ҷумла, дар соли 2027 — 23 804 гектар ва дар соли 2028 — 23 925 гектарро ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ иҷрои пурраи нақшаи умумии барномаро (91 248 гектар) таъмин месозад.
Мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки боло рафтани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва шӯршавии дубораи хок, ба таври саривақтӣ тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо, фарсудашавии пойгоҳҳои обкашӣ, тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо, ки ба низоми обёрӣ таъсир мерасонанд.
Вобаста ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ дар айни замон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барномаҳои давлатии соҳавии «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкаши Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» мавриди амал қарор доранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»