Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар шаҳри Алҷазоир Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ нусхаи эътимодномаашро ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир (бо қароргоҳ дар Риёз) ба Вазири корҳои хориҷӣ, ҷамъиятҳои миллӣ дар хориҷа ва умури африқоии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Аҳмад Аттоф тақдим намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Алҷазоир ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Источник: АМИТ "Ховар"